Боздиди Олга Кулаева аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2015 10:49

Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бо мақсади баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои шуғли ҷавонон сармутахассис оид ба шуғли ҷавонони Дафтари Созмони Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Маскав — Олга Кулаева аз 30 сентябр то 3 октябр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони агентӣ, хадамот ва мутахассисони вазорат вохўрӣ доир намуд. 
Дар натиҷаи вохўриҳо 2 октябри соли равон мизи мудаввар оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар ин самт баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони сетарафа иштирок намуданд. 
Ҳадафи чорабиниҳои мазкур татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Меҳнат оид ба барномаи «Меҳнати арзанда» барои солҳои 2015-2017 мебошад.

 

Октябрь 2, 2015 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш