Боздошти ҷавони 26- сола бо гумони тасарруфи беш аз 3900 сомонӣ

Октябрь 9, 2015 03:17

Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия ҷавони 26 солаеро дастгир карданд, ки дар тасарруфи беш аз 3900 сомонӣ айбдор  мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 26-солаи ноҳияи Панҷро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда шаби 6-ум ба 7-уми октябри соли равон  бо роҳи пинҳонӣ аз дохили филиали ширкати “Вавилон-мобайл”, воқеъ дар шаҳраки Панҷ 8 телефони мобилии гуногунтамға, 2 модем, 9 асбоби садобарор ва 7 таҷҳизоти барқдиҳанда, ҷамъ ба маблағи 3980 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Октябрь 9, 2015 03:17

Хабарҳои дигари ин бахш