Боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон
Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд 25-уми сентябри соли 2015 дар ҳудуди деҳаи Даҳанаи ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон: Курмишев Жаҳонгир Қувватович, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи вилояти Боткент, деҳаи Чунтала ва Ниманов Канибек Қамчинбекович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи вилояти Боткент, деҳаи Китак дастгир шуданд.
Номбурдагон хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро соати 23:30-дақиқа ғайриқонунӣ убур намуда, дар дурии 1500 метр аз хати сарҳад қарор гирифта, дар ҳудуди деҳаи мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон: Шербекова Дилафрӯз Тошпулотовна, соли таваллудаш 1991-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Шербекова Муслима Панҷиевна, соли таваллудаш 2015 ва Шербекова Адолат Тағойқуловна, соли таваллудаш 1964, Шербекова Олмахон Сафаралиевна, соли таваллудаш 1988-ро бо ҳамроҳии фарзандонаш Шербеков Абдулло Асатуллоевич, соли таваллудаш 2011 ва Шербекова Хадича Асатуллоевна, соли таваллудаш 2014 ва сокини ҷамоати Шаҳраки шаҳри Исфара Муминова Қумрӣ Аюбҷоновна, соли таваллудаш 1995-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Муминов Ҳадятулло Азимович, соли таваллудаш 2013 пешвоз гирифтаанд.
Онҳо мақсад доштанд, ки шаҳрвандони номбурдаро ғайриқонунӣ аз хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дастрас намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи шаҳри Бишкек ба Ҷумҳурии Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ ба Сурия сафарбар намоянд.
Ин амали онҳо сари вақт аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд пешгирӣ гардида, онҳо дар ҳудуди деҳаи Даҳанаи ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара боздошт шуданд.
Нисбат ба шаҳрванони зикргардидаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаҳои 32 қисми 3, 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






