Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар Панҷакенту Конибодом
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва таъмири силсилаи иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрўз 26 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа идома доранд.
Дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ бо иқдоми марди саховатпешаи 75- сола Ҳоҷимаҳкам Ёқубов сохтмони бинои мактаби замонавӣ иборат аз 13 синфхона, дар ноҳияи Ҷ. Расулов сохтмони бинои иловагӣ дар назди мактаби №19, дар шаҳри Хуҷанд таъмиру навсозии кўдакистони №15 ба итмом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Инчунин дар ноҳияи Б. Ғафуров дар назди мактаби №49 сохтмони бинои мактаб-парваришгоҳ барои кўдакони ятим, дар шаҳри Конибодом сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби №6, дар шаҳри Панҷакент сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби №74 босуръат идома доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






