Бузургмеҳр Ёров на ҳуқуқшинос, балки узви Созмони хоинону террористон аст

Октябрь 1, 2015 06:09

Вокуниши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 

Ҳамдиёрони азиз!
Иттифоқи  ҷавонони Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва фарзанди ватани маҳбуби хеш-Тоҷикистони азиз мебошад. Аз ин рӯ, нисбат ба тақдири ин кишвари озоду зебо бетараф набуда, ҳамчун бақои хонадон баҳри ҳифзи арзишҳову суннатҳои он сина сипар мекунад.  
Воқеоти рӯзҳои охир, ки бо роҳбарии хоини давлату миллат Назарзода Абдуҳалим аз 04.09.2015. зоҳир гашт, солҳо боз аз ҷониби роҳбарони дохиливу хориҷиашон тарроҳӣ мешудааст, моро нисбат ба ояндаи ин сарзамин, ки бароямон амонат аз гузаштагон аст, бетараф намегузорад. Хушбахтона, бо саъю талоши  ҳомиёни Ватан тири хоинон хок хӯрд, душман ба ҳадаф нарасид, парда аз рӯйи ҳақиқат бардошта шуд, то чеҳраи аслии роҳбарони ҲНИТ-ро ошкор бинем.  Маълум буд, ки ин созмон (ҲНИТ) асосан на ба манфиати дин ҳасту на ба нафъи давлату миллат, инҳо носипосон, ноҷавонмардон, кӯрнамакон ва ахиран хоинону террористоне ҳастанд, ки мехоҳанд бар дину миллат хиёнат варзанд. Аз ин рӯ, ин ташкилотро Созмони хоинону террористон номем ҳам, хато намекунем, чунки раҳбарони ин созмон агар ба ҷойи каду саре болои гардани худ дошта бошанд, хуб медонанд, ки истифода аз Ислом барои роҳандозии манфиатҳои гурӯҳӣ (аслан нооромсозӣ, мансабталошӣ, фисқу фуҷур, бунёди Афғонистони дигар) дар тӯли таърихи дини Ислом ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу давлат набуд ва нахоҳад шуд, чунки дини Ислом ба ҳассосият сару кор мегирад ва дар набардҳои сиёсӣ истифодаи эҳсосот на танҳо бо маънои мағлубият, балки ба миллату давлат ва дин хатароти азим меорад. Дин бовару эътимоду эътиқод асту бас! Барои шинохти Худову расул ба мардум не ҳизбу созмон лозим ҳасту на пешвои наҳзатӣ! Ин ҳақиқат чун “офтоб далели офтоб” аст. Вале ҳатто аз панди “…ба доно як ишора” сабақ нагирифтанд ва гӯш кардан ҳам нахостанд. Бо хоҷаҳояшон гумон карданд, ки Тоҷикистон мисли Афғонистону Ироқ ноустувор аст. Аммо Тоҷикистон соҳиб дорад ва соҳиби он мо — ҷавонон ҳастем! 
Намегузорем, ки дигар зани тоҷик барои шавҳару фарзанд ва хонаву дараш сӯг бигирад ва мансабталошону пулпарастон аз миллату дини мо сӯйистифода кунанд! 
Боиси таассуф аст, ки ҳафтаи охир як гурӯҳ бо роҳбарии ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров ин амали хоинони миллату давлат ва динро нодида гирифта, ба хотири ҳимояи саркарда ва аъзои боздоштшудаи ҲНИТ бархостанд ва ба ном Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳо таъсис намуданд. Боз раҳбари ин гурӯҳ шарҳ ҳам додааст, ки: “кумита ба хотири ошкору ҷилавгирии қонуншиканӣ алайҳи боздоштшудаҳо таъсис ёфтааст”. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти прокуратура бо далелҳои қавӣ собит намуданд, ки ин гурӯҳи боздоштшуда дар ташкили гурӯҳҳои ифротӣ даст дорад. Як формулаи мантиқии бисёр қавӣ бо чунин мазмун аст: агар нафаре, хоҳ ҳуқуқшинос аст ё фарди дигар, аз ҷинояткорону террористон ҳимоят кардан хоҳад, ӯ худ бештар аз ҳама ҷинояткору террорист аст! Пас маълум мешавад, ки Бузургмеҳр Ёров на ҳуқуқшинос, балки як узви фаъоли Созмони хоинону террористон аст. Аз ин маълум мешавад, ки Бузургмеҳр Ёров як узви фаъоли ҲНИТ аст, ба хотири фош нашудан ва аз ҷониби мақомот дастгир нагардиданаш ба сифати ҳомии ҳуқуқ зуд ба ҳимояи ҳаммаслакони худ бархоста, мехост аз хоинону террористҳо ҳимоя намояд. Хуб шуд, ки мақомот ин ҳиллаву найранги  ба ном муҳофизи ҳуқуқ — Бузургмеҳр Ёровро ошкор сохта, ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Мо — ҷавонон ин гуна ҷинояткорону хоинони миллатро чашми дидан надорем, ин гуна муҳофизони ҳуқуқ ба мо лозим нестанд ва  минбаъд ҳам нисбат ба ин гуна ҷинояту хиёнатҳо бетараф набуда, онҳоро сари вақт пешгирӣ ва маҳкум менамоем.
Мо  —  ҷавонони  даврони соҳибистиқлолӣ ва шукуфоиву пойдории Тоҷикистони азиз бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатии  кишвари  маҳбубамон  изҳор медорем,  ки  бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири  пӯлодӣ  ба  ҳам пайваст  буда,  ҳатто  то  охирин лаҳзаҳои ҳастӣ ҳимоятгари сохти  конститутсионӣ  ва  ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем. 
Зинда  бош,  эй  Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

 

Октябрь 1, 2015 06:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид