Чорабиниҳои нахустин дар доираи Форуми байналмилалӣ оғоз шуданд
Душанбе, 07.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Душанбе дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» мизи мудаввар баргузор мегардад. Мизи мудавар бо иштироки мутахассисон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуда, дар он самтҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди соҳа муҳокима мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки имсол дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14-уми октябри соли равон баргузор мегардад. Барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






