Дар Бадахшон аз муосиртарин барномаҳои танзимкунандаи неруи барқ истифода мебаранд
Хоруғ, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ширкати барқии «Помирэнерҷи»-и вилояти Бадахшон ба зимистони пешомад пурра омодааст — гуфт Далер Ҷумъаев, сардори ин ширкати барқӣ. Мусоҳиб аз ҷумла зикр кард, ки дар қаламрави Бадахшон ду неругоҳи калонҳаҷм — неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва неругоҳи «Хоруғ» ва нӯҳ неругоҳи миёнаҳаҷм дар ноҳияҳо бо иқтидори пурра фаъолият доранд. Бо ҳамин зиёда аз 85 фоизи каламрави вилоят ба неруи барқ дастрасии пурра дорад. Ҳамзамон дар 24 соли соҳибистиқлолии ватан дар Бадахшон 46 неругоҳи хурди барқӣ дар деҳоти дурдаст дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалӣ бунёд ёфтаанд, ки дар амалӣ гардидани ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидати амиқ доранд. Маркази вилоят ва навоҳии атрофи он 24 соат дар як шабонарӯз аз неруи барқ таъмин мебошанд, танҳо 16 деҳаи дурдасти кӯҳистон аз тариқи реҷа ба барқ дастрасӣ доранд, ки ин деҳаҳо дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва ноҳияи Мурғоб ҷойгир мебошанд. Далер Ҷумъаев, сардори ширкати барқи «Помирэнерҷи» иброз дошт, ки ҳамаи ин пешравиҳои ширкат дар мадди аввал аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарманшаъ мегиранд ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масоили таъмини мардуми кӯҳистон аз неруи барқ барои фаъолияти ширкати барқи вилоят имкониятҳои навинро рӯи кор меорад. Хотиррасон бояд кард, ки дар нахустсоли таъсиси шаркати барқии «Помиржнерҷи» иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳҳои он 23,7 мВт-ро ташкил медод. Таъмиру навсозии ҳарсолаи неругоҳҳои мавҷуда ва зеристгоҳҳо имкон дод, ки иқтидори умумии истеҳсоли барқ имрӯзҳо 2 баробар афзоиш ёбад. Мутахассисони ширкат аз муосиртарин барномахои танзимкунандаи неруи барқ истифода бурда, марказҳои хизматрасониро ташкил намудаанд. Ҳамзамон сехи таъмири таҷҳизот дар маркази вилоят ташкил гардида, ки ин имконият медиҳад дастгоҳҳои таъмирталаби неругоҳҳо дар худи шаҳри Хоруғ бо ҷалби мутахассисон сари вакт навсозӣ гарданд. Далер Ҷумъаев, сардори ширкати барқии вилоят афзуд, ки амалӣ гардидани барномаҳои таъмини мардуми Бадахшон бо неруи барқи хушсифат, пеш аз ҳама, ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат ҳамбастагӣ дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






