Дар Нангарҳор чор қумондони «Давлати исломӣ» таслим шуд
Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Чанде пеш дар бораи дар вилояти Нангарҳори Афғонистон ба ҳукуматдорон ихтиёрона таслим шудани чор нафар қумондонҳои гурӯҳи ифротталаби «Давлати исломӣ» хабар дода шуд.
Силоҳбадастон баъди гуфтушунид бо кормандони Раёсати амнияти миллӣ дар бораи ихтиёран таслим шуданашон хабар доданд. Қумондонҳои таслимшуда иқрор шуданд, ки қабл аз гузаштан ба тарафи «Давлати исломӣ» узви ҷунбиши «Толибон» буданд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Пажвок».
Роҳбари шуъбаи музофотии Раёсати амнияти миллӣ генерал Додмуҳаммад Ҳарифӣ таслимшавии қумондонҳоро ҳамчун далели нав дар бораи шикасти гурӯҳи ифротиён дар вилоят маънидод карда, итминон дод, ки тайи як моҳ таъсири «Давлати исломӣ» дар Нангарҳор пурра аз байн бурда мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






