Дар Нангарҳор чор қумондони «Давлати исломӣ» таслим шуд

Октябрь 28, 2015 05:38

Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Чанде  пеш  дар  бораи  дар  вилояти   Нангарҳори  Афғонистон ба  ҳукуматдорон ихтиёрона  таслим  шудани  чор нафар  қумондонҳои гурӯҳи ифротталаби «Давлати  исломӣ» хабар  дода шуд. 
Силоҳбадастон  баъди   гуфтушунид бо кормандони Раёсати амнияти  миллӣ  дар  бораи  ихтиёран  таслим  шуданашон  хабар  доданд. Қумондонҳои   таслимшуда  иқрор  шуданд, ки  қабл  аз  гузаштан  ба тарафи «Давлати  исломӣ»  узви ҷунбиши  «Толибон»  буданд, хабар  медиҳад  Агентии  иттилоотии  «Пажвок».
Роҳбари  шуъбаи  музофотии Раёсати  амнияти  миллӣ  генерал Додмуҳаммад Ҳарифӣ таслимшавии  қумондонҳоро ҳамчун   далели  нав  дар  бораи   шикасти   гурӯҳи   ифротиён  дар  вилоят  маънидод  карда,  итминон  дод, ки  тайи  як  моҳ   таъсири «Давлати  исломӣ»  дар  Нангарҳор  пурра аз байн  бурда  мешавад. 

Октябрь 28, 2015 05:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид