Дар Сурия роҳбари гурӯҳи «Аморати Қафқоз» нест карда шуд
Душанбе, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Қӯшунҳои Сурия дар ҷануби ғарбии канори шаҳри Алеппо панҷ деҳаро озод намуданд.
Мувофиқи маълумоти торнамои иттилоотии «Сурия ал — Эн», дар ҷараёни амалиёт роҳбари гурӯҳи террористии «Аморати Қафқоз», ки иборат аз зархаридон аст, нест карда шуд.
Тавре ки намояндаи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳукрии Араби Сурия хабар дод, ҷанговарони артиши Сурия баъди оташфишонии шадид аз тӯпҳо душманро аз шаҳри Кфар — Абида ва деҳаҳои Блас, Ҷавзат — ал — Ҷаҳҳаш, Шайх — Кейкан ва Дайр — Салиба берун карданд. Силоҳбадастон ба воҳима афтода, ақибнишинӣ мекунанд. Қӯшунҳои Сурия минтақаҳои канори роҳи мошингарди стратегии Димишқ — Алеппоро дубора таҳти назорати худ мегиранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






