Дар Тоҷикистон 760 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд

Октябрь 6, 2015 05:57

Душанбе, 06.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Аз  оғози соли  ҷорӣ то  имрӯз  дар  Тоҷикистон 760  ҳазор  тонна  ангишт  истихроҷ  шудааст, ки   назар  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта баробари  159 ҳазор  тонна  зиёд  аст.
Тавре  ки  дар  Вазорати  саноат  ва технологияҳои  нави  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ҳаҷми  умумии фурӯши  ангишт  653  ҳазор, ё 88  фоизро ташкил  дод. Алҳол дар  анборҳои  ангишти  Тоҷикистон захираи  ангишт бо  дарназардошти  соли  гузашта  175  ҳазор тоннаро ташкил  медиҳад. 
Дар Вазорати  саноат  ва  технологияҳои нави  кишвар изҳор  доштанд, ки  ҳар  шабонарӯз ба  ҳисоби  миёна  аз  5 то 7,5  ҳазор тонна  ангишт истихроҷ  мешавад. Конҳои  ангишти «Фон  Яғноб», «Зиддӣ», «Назарайлоқ», «Шӯроб» ва «Сайёд»  конҳои  асосии  ангишти  кишвар  ба  шумор  мераванд. 

 

Октябрь 6, 2015 05:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд