Дар вилояти Суғд 61,2 ҳазор хоҷагии деҳқонии оилавию инфиродӣ таъсис ёфтааст
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар вилояти Суғд ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома дошта, танҳо дар соли равон 483 хоҷагии калонҳаҷм таҳти таҷдид қарор дода шуданд. Дар натиҷа теъдоди хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ба 61,2 ҳазор адад баробар шуд.
Барои таъмини дастрасии хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба захираҳои моддию техникӣ 62 мағозаи фурўши тухмиҳо, 95 адад қисмҳои эҳтиётӣ ва 71 нуқтаи фурӯши нуриҳои минералӣ фаъолият мебаранд. Ҳамзамон дар вилоят 114 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ ташкил ва ба роҳ монда шудаанд, ки ба деҳқонон барои пешбурди кор маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ низ тадбирҳо амалӣ шуда, дар вилоят 236 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд, ки барои обёрии 193,6 ҳазор гектар замин хизматрасонӣ менамоянд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






