Дар вилояти Суғд 61,2 ҳазор хоҷагии деҳқонии оилавию инфиродӣ таъсис ёфтааст

Октябрь 12, 2015 09:00

Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар вилояти Суғд ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома дошта, танҳо дар соли равон 483 хоҷагии калонҳаҷм таҳти таҷдид қарор дода шуданд. Дар натиҷа теъдоди хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ба 61,2 ҳазор адад баробар шуд. 
Барои таъмини дастрасии хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба захираҳои моддию техникӣ  62 мағозаи фурўши тухмиҳо, 95 адад  қисмҳои эҳтиётӣ ва 71 нуқтаи фурӯши нуриҳои минералӣ фаъолият мебаранд. Ҳамзамон дар вилоят  114 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ ташкил ва ба роҳ монда шудаанд, ки ба деҳқонон барои пешбурди кор маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ низ тадбирҳо амалӣ шуда, дар вилоят 236 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд, ки барои обёрии 193,6 ҳазор гектар замин хизматрасонӣ менамоянд.   
 Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

 

Октябрь 12, 2015 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад