Дар Восеъ бинои замонавии Хадамоти оташнишонӣ бунёд мешавад

Октябрь 15, 2015 02:49

Восеъ, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Восеъ бо дастгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сохтмони бинои нави замонавии Хадамоти оташнишонӣ оғоз ёфт. 
Мувофиқи нақша бино аз 2 ошёна ва 14 утоқи корӣ иборат буда, бо маблағи 1млн. 500 ҳазор сомонӣ сохта мешавад.
 Бино ба иттилои сардори Хадамоти оташнишонии ноҳия Ҳокимшо Назаров, бо мақсади фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ барои коргарон ва сари вақт хизмат расонидан ба аҳолӣ мошинсарой барои се техникаи оташнишонӣ ва толори маҷлисгоҳ низ сохта мешавад, ки ин барои пешрафти кори кормандон мусоидат менамояд. Ба гуфтаи манбаъ ҳоло корҳои тарҳрезии бино ба итмом расида, сохтмони қабати якуми ошёна оғоз гардидааст ва дар он 10 сохтмончӣ фаъолият доранд.

Октябрь 15, 2015 02:49

Хабарҳои дигари ин бахш