Дастгир гардидани нашъаҷаллобон
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия нафаронеро дастгир карданд, ки даст ба нашъаҷаллобӣ задаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду сокини шаҳри Душанберо, ки яке марди 26 ва дигаре 33-сола мебошанд, бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд. Дар вақти кофтуков аз онҳо 884 грамм маводи нашъадори афюн ва 205 дона ҳаби МДМА, ки вазни умумиашон 44 граммро ташкил медиҳанд. дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия рӯзи 4-уми октябри соли равон сокини 51-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда 711 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Гуфта мешавад, зимни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки марди 51-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов дар замини корами наздиҳавлигиаш ба миқдори 17 бех растании нашъадори навъи бангдонаро ғайриқонунӣ парвариш менамудааст. Вазни умумии растаниҳои дарёфтшуда 8 килою 900 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






