Даъвати Ситоди кулли Русия
Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бояд якҷоя саъю кӯшиш ба харҷ дода, ба истифодаи Афғонистон чун такягоҳи ташаннуҷи вазъияти Осиёи Марказӣ роҳ надиҳанд, гуфт муовини сардори Ситоди кулли Русия Сергей Истраков дар конфронси байналмилалӣ аз рӯи масоили Афғонистон.
«Вазъияти ҳарбию сиёсӣ ба миён омада, пешгӯии ҷараёни он дар минтақаи Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки саъю кӯшишҳои якҷояи кишварҳои узви СҲШ дар амри муқобилат ба ситезаҷӯӣ ва хавфу хатар ба амнияти минтақа аз Афғонистон басо зарур аст. Бинобар ин, имконоти Созмони ҳамкории Шанхай аз пештара дида заруру муҳимтар аст», — гуфт С.Истраков.
«Имрӯз кишварҳои узви СҲШ ба хотири мустақилона рафъ намудани хавфу хатар ба амнияти минтақа чораҳои яктарафаи дорои хусусияти иқтисодӣ ва сиёсию башардӯстонаро рӯи кор меоранд. Чунин кӯшишҳо имкон намедиҳанд, ки ба ситезаҷӯӣ ва хавфу хатарҳои нав ба таври самарабахш муқобилат карда шавад», — зикр намуд муовини сардори ситоди кулл.
Сардори Ситоди кулли Русия генерали армия Валерий Герасимов чунин гуфт: «Алҳол дар Афғонистон то 50 ҳазор нафар силоҳбадастон фаъолият дошта, дар беш аз 4 ҳазор дастаю грӯҳҳои мухталиф гирд омадаанд. Асоси онҳоро Ҷунбиши исломии толибон иборат аз қариб 40 ҳазор нафар силоҳбадастон ташкил медиҳад».
Ба гуфтаи номбурда, теъдоди силоҳбадастони «Давлати исломӣ» дар Афғонистон афзоиш ёфта, ҳоло ба 2 — 3 ҳазор нафар расидааст. Генерал изҳор дошт, ки террористон минтақаҳои нав ба навро таҳти назорати худ мегиранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






