Даъвати Ситоди кулли Русия

Октябрь 9, 2015 04:40

Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамаи  кишварҳои узви Созмони ҳамкории  Шанхай бояд  якҷоя  саъю  кӯшиш  ба  харҷ  дода, ба  истифодаи  Афғонистон  чун  такягоҳи  ташаннуҷи  вазъияти  Осиёи  Марказӣ  роҳ  надиҳанд,  гуфт  муовини  сардори Ситоди  кулли  Русия  Сергей  Истраков  дар конфронси  байналмилалӣ аз  рӯи  масоили  Афғонистон.
«Вазъияти ҳарбию  сиёсӣ  ба  миён  омада, пешгӯии ҷараёни  он  дар минтақаи  Осиёи  Марказӣ нишон  медиҳад, ки саъю  кӯшишҳои  якҷояи  кишварҳои  узви  СҲШ дар  амри  муқобилат  ба  ситезаҷӯӣ ва   хавфу  хатар  ба  амнияти  минтақа  аз  Афғонистон  басо   зарур  аст. Бинобар  ин,  имконоти  Созмони  ҳамкории  Шанхай аз  пештара  дида заруру   муҳимтар  аст», —  гуфт С.Истраков. 
«Имрӯз  кишварҳои  узви  СҲШ ба  хотири мустақилона  рафъ  намудани   хавфу  хатар  ба амнияти  минтақа чораҳои  яктарафаи   дорои  хусусияти  иқтисодӣ ва  сиёсию  башардӯстонаро  рӯи  кор  меоранд. Чунин  кӯшишҳо  имкон  намедиҳанд, ки ба  ситезаҷӯӣ ва  хавфу  хатарҳои  нав  ба  таври  самарабахш  муқобилат  карда  шавад», —  зикр намуд муовини сардори  ситоди кулл.
Сардори Ситоди  кулли Русия  генерали  армия  Валерий  Герасимов  чунин  гуфт: «Алҳол  дар  Афғонистон то  50  ҳазор  нафар  силоҳбадастон фаъолият  дошта,   дар  беш  аз  4  ҳазор  дастаю  грӯҳҳои  мухталиф  гирд  омадаанд. Асоси онҳоро Ҷунбиши  исломии толибон иборат  аз  қариб 40 ҳазор нафар   силоҳбадастон ташкил  медиҳад». 
Ба  гуфтаи  номбурда,  теъдоди  силоҳбадастони «Давлати  исломӣ» дар  Афғонистон афзоиш  ёфта,  ҳоло  ба  2 — 3  ҳазор нафар  расидааст. Генерал изҳор  дошт, ки  террористон  минтақаҳои нав ба  навро  таҳти назорати  худ  мегиранд.

Октябрь 9, 2015 04:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид