Дидори Сироҷидин Аслов бо Олга Гаврук

Октябрь 20, 2015 02:54

Душанбе, 20.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19  октябри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус Олга Гаврукро бинобар ба итмом расидани фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо сатҳи баланди робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстро таъкид намуданд.
Вазир ба фаъолияти О.Гаврук ба ҳайси нахустин сарвари намояндагии дипломати Беларус дар Душанбе баҳои баланд дода, дар корҳои ояндааш бурдбориҳо таманно кард.
Дар навбати худ сафир ба сарвари идораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияташ изҳори сипос намуд.

Октябрь 20, 2015 02:54

Хабарҳои дигари ин бахш