Донишҷӯи Коллеҷи омори Ваҳдат дар Қазоқистон ҷойи сеюмро ишғол кард
Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат соли ҷорӣ дар озмунҳои фаннию варзишие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 60 коллеҷи ҷумҳуриявӣ ташкил шуда буд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Донишҷӯёни коллеҷи мазкур Беҳзод Назаров дар Душанбе аз намуди гӯштини дзюдо дар байни 16 даста чойи аввал, Меҳрубон Сафаров аз таэквандо дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар байни дастаҳои 10 давлат ҷойи сеюм ва Шаҳодат Исмоилова дар Душанбе байни 15 даста аз таэквандо ҷойи сеюмро ишғол карданд, ки бо диплому медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Тибқи иттилои директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Зоир Раҳмонов дар айни замон донишҷӯён аз 26 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар коллеҷи мазкур таҳсил намуда, бо хобгоҳ таъмин мебошанд.
Дар Коллеҷи мазкур 2 факултет, 6 кафедра фаъолият намуда, донишҷӯёнро аз рӯи 10 ихтисос, ки мутобиқ ба бозори меҳнатанд, ҳамчун мутахассис омода менамоянд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






