Ду медали наврасони тоҷик дар чемпионати дзюдои Осиё дар Тайван
Душанбе, 12.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайван баргузор шуд, соҳиби ду медал як тилло ва як биринҷӣ гардид.
Тавре ки аз Кумитаи миллӣ олмпии Тоҷикистон хабар доданд, паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алӣ Парҳезгар (Эрон) ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ бар Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тилло мукофотонида шуд.
Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни зери 55 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ бар Рян Кристиан Бенавидез (Филиппин) ғолиб гашт. Вале баъдан аз Баяман Сагибой Уулӣ (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи севум паҳлавони тоҷик аввал бар Ифтихор Аҳмад (Покистон) ва сипас бар Ҷунву Банг (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд ва дар натиҷа бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Тайван байни наврасон (кадетҳо) ҳамагӣ 166 варзишгар (98 писар ва 68 духтар) аз 22 кишвар иштирок дошт.
Тоҷикистонро дар мусобиқа 9 варзишгар дар сабқати писарон намояндагӣ карданд. Натиҷаҳои ба даст овардаи чаҳор гӯштингири дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов (вазни то 73 кг, ҷойи панҷум), Ҷамолиддин Абдуллоев (то 60 кг, ҷойи ҳафтум), Шоҳмансур Ёқубов (то 66 кг, ҷойи ҳафтум) ва Носирхӯҷа Зайниддинов (то 81 кг, ҷйи ҳафтум) низ қобили таваҷҷуҳанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Қазоқистон бо касби 12 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 8 медал (3-1-4) ҷойи дувум ва тими мунтахаби Тайван бо касби 8 медал (1-3-4) ҷойи севумро гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло, як медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва се ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро соҳиб шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






