Дугонаҳои ҷанговар ва арӯсони беҷони «ДИ»

Октябрь 16, 2015 06:28

Душанбе, 16.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи тарғиботии  «ДИ»,  ки  «арӯсони ҷиҳодии» ҳозираю  оянда  ҳаводорони  асосии  он  ба шумор  мераванд, рисола-дастуреро  дар  бораи кору  кирдорашон  дар  шабакаҳои  иҷтимоӣ  интишор  кардааст. Ин дастур, ки  дар  шароити  имрӯза  таҳия   шудааст,  табъан  манофеи   гурӯҳи  террористиро  пурра   инъикос   намуда,  усули навбатии  тарғиботӣ  барои «ба  ақл  даровардани» ҷинси  латифи  башарият ба  шумор  меравад. Ба  ақидаи  офарандагони  он  намояндагони  ҷинси  латиф метавонанд аз ин  дастур   ба  ҳамаи  саволҳояшон  ҷавоб  пайдо  кунанд: чӣ  тавр бояд  худкуш  шуд,  дар  кадом  шароит  метавон  душманро  ба  нишон  гирифт ва  худро  тарконид,  барои нафъ  овардан ба  муҷоҳидин  кадом  малакаҳоро   бояд  ба даст   овард.
Тавре  ки  коршинос  Чарли Уинтер  барҳақ  мегӯяд, «гарчи ин ҳуҷҷат маънои  расман  эълон  шудани  сиёсати «ДИ» — ро  надорад,  вале  он ин  сиёсатро  ба таври  муайян  инъикос  медиҳад».
Рисола ба  саволи оё  зан  метавонад  дар  майдони  ҷанг  ҳузур  дошта  ва  яроқ  ба даст   гирад,  тавзеҳ медиҳад, ки  ба  занон  иҷозат  аст, ки  фақат  барои  дифоъ ҷанг  кунанд. Вале  агар  амирашон  иҷозат   диҳад,  онҳо  метавонанд ба  ҳайси маргталаб  зидди ҳамлагар ҷанганд ё  дар  амалиёти  тахрибкории  террористӣ иштирок   намоянд. Тавре  ки  амалия  нишон  дод, амирон  чунин  фармонҳоро  ҳамеша  медиҳанд. Амирон  бисёриҳоро ба ҳайси занони  маргталаб  ба роҳи  марг  фатво  додаанд. Ёдовар мешавем, ки рафтори  «ДИ» ҳаргиз  маънои  амалиёти  мудофиаро   надорад. Имрӯз  аз нигоҳи қир  кардани  аҳолии осоишта,  аз ҷумла  занон ва муйсафедону кӯдакон  касе бо ҷангиёни «ДИ» баробар  шуда  наметавонад. Рисолаи  онҳо  амр мекунад, ки дар  мавриди  ба беморхона ё ҷойҳои  дигари ҷамъиятӣ ҳамла  овардани «кофирон»  ба  зани  маргталаб иҷозат дода  мешавад,  ки  худро тарконад якҷоя  бо беморону  захмишудагон  ва онҳое, ки дар бари  вай  буданашон «насибашон» гардидааст. Ба  худи ҳамон   занон  тавсия  шудааст, ки «барои  рух  надодани ҳодисаи тасодуфӣ» баробари  фаранҷӣ барои худмудофиа камарбанди стратегии  маргталабро  дар  бар   кунанд. Ва дар  мавриди  расидани чашми  бади «кофир»  ҳалқаро  кашанд. 
Дар терроризми  имрӯза  ҳарчи  бештар  симои  зан  ба назар  мерасад.  Аз оғози  солҳои 2000 — ум истифодаи  оммавии   занони  маргтлаб ва «арӯсони  Аллоҳ», тавре, ки онҳо  худро  ҳамин   хел  номгузорӣ  кардаанд,  оғоз ёфт. Фаҳмонидан  ва  дарк   намудани  он  мушкил аст, ки  мавҷудияте, ки  табиат  офаридану  ҳифзи  насл  ва бахшидани  шодмониро ба  вай ато   кардааст,  метавонад  дар  байни   занону  кӯдакон тухми   марг   корад. Заноне, ки роҳи  ҷиҳодро   пеш   гирифтаанд,  қариб  ҳамеша  мушкилоти  иҷтимоӣ, оилавӣ ё молиявӣ  доранд. Қисми  зиёди  онҳо  шавҳар  надоранду  бисёрашон  соҳиби   фарзанданд. Занони  маргталаб  бомбаҳои  зиндаанд — чунин  занонро  ҳар  хел  ном  мебаранду  вале  нақшаи  амалкарди онҳо ҳамеша  як  чиз  аст:  моддаи тарканда  дар  миён  (баъзан автомат дар   даст), ҷойи  серодам, таркиши  марговар. Натиҷааш: ҳалокати  садҳо  нафарони беайб ва  қисматашон  талхшуда. Кирогирандагони  онҳо  камарбанди маргталабро  ҳаргиз  дар бар  намекунанд. Барои  ин  ҳастанд беваҳои   шахсони кушташуда, ҳалокшудагон,  духтарони  фиребхурдаи  наврас,  духтарони  дорои  мушкилоти  иҷтимоӣ. Онҳо   ашхоси  гапдарое  барои  мақсадҳои террористианд.
Пештар  созмонҳои  «Ҳамос» (Фаластин) ва  «Ҷиҳоди  исломӣ»  истифодаи   занони  маргталабро  қабул  надоштанд. Онҳо  муддати  тӯлонӣ  аз  чунин   амалҳо   даст  мекашиданд. Вале  чун ба  фоида доштани он сарфаҳм  рафтанд,  бештар  ӯҳдабаро  шуда, манъи  онро  мансух  карданд. Онҳо  дар  сурати басо  мураккаб  шудани  убури  сарҳад  занонро  интихоб  мекарданд. Фаҳмиданд, ки  занон  ба назар   бештар   сода ва  безарару  зебо  менамоянду ин  барои  истифодаи   онҳо  бо  мақсадҳои  тахрибкорӣ  муфид  аст. Имрӯз «ДИ»  дар  Сурия  ва  гурӯҳҳои  террористии   дигар  кишварҳо ин  усулҳо  пурра  истифода мекунанд.
Коршиноси  исроилӣ Йорам  Швейтсер  мегӯяд,  ки  ақли  занони  маргталаб  ба  ақли омиронашон  чандон намерасад. Вай   дар  байни занони  маргталаб бо  якчанд  духтари  босавод  вохӯрдааст,  вале  аксарияти онҳо  бесаводанд. «Онҳо  ҳангоми  мусоҳибаҳои  аввал  баъди маҳбас  шуданашон сараввал   дар  бораи   шахсият ва  фақат   баъди  ин  дар  бораи  ватанпарастӣ ва  Аллоҳ  сухан  мекунанд». Занони  маргталаб  ба  се   гурӯҳи  асосӣ  тақсиманд. Якеи  онҳоро метавон  шартан  гурӯҳи  ғоявӣ   номбар   кард. Инҳо   занони   басо  динпарастанд, ки  гирифтори  таъсири  террористон мешаванд. Онҳо  исломро   каҷ  мефаҳманду  тайёранд, ки  худро  қурбони  дин  кунанд. Онҳо барои  ҷангиён тӯъмаи  беҳтаринанд,  зеро  ки  беғаразанд. Вақтҳои  охир  теъдоди  онҳо  ҳарчи   камтар  мешавад. Гурӯҳи  дуюм  иборат  аз  занони  маргталаби  иҷборӣ  аст. Инҳо  аксаран  духтароне  мебошанд, ки онҳоро  ҷангиён рабудаанд,  харидаанд ё  беномус  кардаанд. Дар  мавриди  зикршуда  занонро   барои   он  истифода мекунанд,  ки  хонаводаашон онҳоро ҳаргиз  қабул  накунад ва онҳо  ҷойи  бозгаштро наёбанд.  Духтарони оилаҳои  камбағал  худро  барои он  маргталаб мекунанд, ки  пайвандонашонро  хуронанд. Дар  ин  маврид  ҷангиён ба  хешовандони маргталаб  чанд  ҳазор  доллар  медиҳанд, ки  аксаран  қалбакианд. Баъзан  ҷангиён нигоҳубини  якумраи оилаи маргталабро  медиҳанду  вале онро дар чанд моҳ  як  маротиба хабар   гирифта,  фақат  як  халта ордро  аз худ  боқӣ  мегузоранд. Гурӯҳи сеюми   занони  маргталаб  иборат  аз қассосгирандагон,  яъне «беваҳои  сиёҳпӯш» — анд. Ба он  хешовандони  ҷангиёни  кушташуда  шомиланд. Агар   зани  маргталаб  аз  амалиёти  террористӣ  даст  кашад, ӯро  мекушанд. Вақтҳои  охир  силоҳбадастон ҳарчи бештар усули  дигарро  истифода  менамоянд: онҳо дар  камарбанди  маргталаб  ду  моддаи  таркандаро  ҷой  мекунанд. Якеи  онро  худи  маргталаб  метавонад тарконад, дигараш  аз  масофаи  дур  ба  ҳаракат  оварда мешавад. Агар  маргталаб  аз  нияти  содир  намудани  амалиёти   террористӣ  баргардад,  бомбаро  бидуни  огоҳии  ӯ метарконанд. Имрӯз   силоҳбадастон  усули  тарбияи   занони  маргталабро  низ  тағйир  додаанд. Акнун  занонро  бо  моддаҳои фалаҷкунандаи  асаб  ва  маводи  мухаддир  сер кунонида,  аз  онҳо «бомбаҳои  зинда» месозанд. Онҳо  дар  чунин  ҳолат  ҳисси биму  тарс  ва  худназоратро  гум   карда,  бешуурона суи куштор  мераванд. Рафтори «арӯсони  Аллоҳ» — и  муосир  дар  партави  иштироки  занони  маргталаб, масалан, дар  интифоди Фаластин («озодшавӣ аз асорат») ба  назар  бемаънию  даҳшатовар  менамояд. Занони  Фаластин  дар  ҷунбиши  муқовимати  арабҳои  ин  кишвар ба истилои  Исроил  иштирок  доштанд. Масалан, Вафо Идрис,  аввалин шадиди фаластинӣ, қаҳрамонзани  халқӣ   гардид, ки  нафақат  дар  ватан, балки  дар   кишварҳои дигари  араб ҳам  дар  васфаш  шеъру  суруд  мехонанд. Зархаридони  ҷанги террористӣ  беному  нишонанд, «хидматҳо» — и  онҳо дар  назди  Аллоҳу халқ шубҳаоваранд.
Барои  гум  кардани  боварӣ  аз  шодмониҳои зиндагӣ,  интизор  шудан ба  лутфу  каромати  биҳишти мусаффо  ва  ҷон  супурдан дур аз ватан  бояд  бекасукӯй ва бесаводу  оҷиз  буд. Чунин   занон  «рисолаҳои» зикршударо  ба  инобат   гирифта, кур-курона умед мебанданд, ки «ба биҳишт  рафтанашонро худи  Аллоҳ  шаҳодат  медиҳад;  азобкашиашонро ҳангоми ҷонсупорӣ фариштаҳо  шаҳодат  медиҳанд;  марги онҳо дар  майдони  ҷанг  далели раднопазири эътиқодашон  аст; хуни  рехтаашон  далели  садоқати  бепоёнашон  ба  Аллоҳ аст;  рӯҳи  онҳо  аз  биҳишт   шаҳодат  медиҳад ва  биҳиштро  мебинад». Хуб  мешуд, занон  аз он  розию  хушбахт  бошанд, ки  дар  ин  дунё  доранд. Ба  қадри каму  беши  зиндагӣ  расанду имрӯз  ҳам дар  ин  ҷо  зиндагӣ  кунанд.   
    Салима Ҳакимова

 

Октябрь 16, 2015 06:28

Хабарҳои дигари ин бахш

13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст