Эҳтиёҷ ба муаллим дорем
Душанбе, 05.10.15. (АМИТ «Ховар»). Имсол Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим таҳти шиори «Эҳтиёҷ ба муаллим дорем» таҷлил мешавад. Солҳои охир Рӯзи муаллим дар Тоҷикистон бо шаъну шавкати махсус таҷлил мегардад. Ин рӯз одатан дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ИДМ рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мешавад.
Рӯзи шанбеи гузашта дар бархе макотиби пойтахт чорабиниҳои ботантана роҳандозӣ шуда, иштирокдорони онҳо муаллимонро табрик намуда, онҳоеро ёдовар шуданд, ки чандин насли наврасро ба камол расонидаанд. Дар ин рӯз омӯзгорони беҳтарин бо ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.
Имрӯз, 5 октябр, ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим дар Литсейи президентии кӯдакони лаёқатманд дарси кушода дар мавзӯи «Муаллим, номи туро пос медорам…» баргузор мешавад.
Рӯзи муаллим, ки соли 1994 чун Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим таъсис ёфта буд, ҳар сол 5 октябр дар беш аз 170 кишвар таҷлил гардида, иди касбии ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба шумор меравад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






