Эҳтиёт, ғоратгар!
Душанбе, 05.10.15. (АМИТ «Ховар»). Кормандони милиса якчанд ҷинояткории вобаста бо ғоратгариро ошкор намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, хонуми 27 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба шуъбаи ВКД шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муроҷиат намуд. Номбурда хабар дод, ки 27 сентябри соли равон шахси номаълум дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе» — и шаҳри Хуҷанд шаддаи тиллоии арзишаш 15 ҳазор сомониро аз гарданаш зӯран кашида гирифта, нопадид шудааст. Баъди ин сокини 21 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумонбарии ғоратгарӣ дастгир гардид.
Ғайр аз ин, хонуми 57 солаи ноҳияи Ёвон ба шуъбаи ВКД ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат карда, изҳор дошт, ки дар кӯчаи Неъмат Қаробоев шахси номаълум планшети тамғаи «Самсунг гелекси ТАБ 5» и набераи 15 солаашро кашида гирифта, аз ҷойи воқеа ғайб задааст. Як навраси 15 — соларо бо гумонбарии ин ҷинояткорӣ дастгир намуданд.
Чанде пеш сокини 27 солаи ноҳияи Панҷ бо гумонбарии чунин ҷинояткорӣ дастгир шуд. Маълум шуд, ки мавсуф дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе 1400 сомонӣ, телефонии мобилии «Самсунг гелекси 6» ва камзӯли сокини 29 солаи ноҳияи Ҳисорро зӯран кашида гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо 2 125 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи хамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






