Фаронса дар Душанбе манораи 41 метра месозад
Душанбе, 21.102015.(АМИТ «Ховар»).- Фаронса тасмим гирифтааст, ки дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» манораи назоратӣ -диспетчериро ба маблағи тақрибан 3 миллион доллар бунёд созад. Дар робита ба ин 21 октябр палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронсаро оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба тасвиб расониданд.
Шералӣ Ганҷалзода-вазири нақлиёти Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дода, гуфт, ки дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса аз 7 декабри соли 2001 неруҳои ҳарбӣ- ҳавоии Фаронса аз қисмати фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва аз хизматрасонии аэронавигатсионии КВД «Аэронавигатсия» ройгон истифода намудаанд. Бинобар ин Фаронса таъмири хати парвоз ва сохтмони манораи назоратӣ-диспетчериро, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Фаронса пурра маблағгузорӣ ва амалӣ мешавад, ба уҳдаи худ гирифтааст. Шералӣ Ганҷалзода афзуд, ки бо мақсади сохтмони манораи назоратӣ- диспетчерӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ таҳия ва мувофиқа шуд, ки он 13 июли соли 2005 ба имзо расид.
Вазири нақлиёти кишвар зикр кард, ки сохтмони иншооти мазкур барои таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳо аҳамияти муҳим дорад. Лоиҳаи сохтмони ин иншоот аз ҷониби неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса бо назардошти таклифи пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон таҳия гардида, он ба меъёрҳои сохтмонии кишвари мо мутобиқ ва бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
Баландии манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар он ҷое, ки диспетчерҳо менишинанд, 36 метр ва баландии умумияш 41 метр буда, тобоварии он ба зилзилаи 9 дараҷа баробар аст. Масоҳати қитъаи замин барои сохтмони манора 15 X 15 метр буда, манора бояд дар зарфи 1 солу се моҳ сохта шавад.
Сохтори манора ба сохтори манораҳои назоратӣ-диспетчерии Барселонаи Испания, манораҳои бандарҳои тобеи Ҷопон, Непалси Британияи Кабир, манораи телевизионӣ дар Гуанжуи Чин ва муҷассама дар Мюнхени Олмон шабоҳат дорад.
Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ки алҳол ҷониби Фаронса озмун оид ба интихоби ширкати пудратчӣ ва паймонкори лоиҳаро эълон намудааст. Озмун дар Фаронса тибқи лоиҳа гузаронида мешавад. Дар марҳилаи сохтмон ба ҷониби Тоҷикистон як зумра уҳдадориҳо вогузор шудаанд. Инҳо кӯчонидани шабакаҳои муҳандисии мавҷуда,тозакунии майдончаи сохтмонӣ, таъмини амнияти нигаҳдории иншоот, таҳвил, насб ва ба истифода додани таҷҳизоти аэронавигатсионӣ, таҳвил ва насб барои интиқоли неруи барқ ба манора, таҳвил ва насби мавҷгирҳои алоқавӣ барои идораи ҳаракати ҳавоӣ ва телевизионӣ, таҳвил ва насби дастгоҳҳои телефонӣ мебошанд.
Тибқи муқаррароти Созишнома сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ ба зиммаи сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Фаронса -. Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Фаронса ва ҷониби Тоҷикистон КВД «Тоҷикаэронагвитасия»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ҳамзамон Иброҳим Ҷобиров -директори КВД «Аэронавигатсия»-и кишвар дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки сохтмони манораи назоратӣ- диспетчерӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва бехатарии парвози тайёраҳо муосидат намуда, баъди гузаронидани озмун дар Фаронса сохтмони он оғоз мегардад. Иброҳим Ҷобиров афзуд, ки баландии манораи феълии назоратӣ-диспетчерии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 17 метрро ташкил медиҳад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






