Ҳ.Филпотт ҷонибдори ташкили Гурӯҳи дӯстию ҳамкории Тоҷикистон ва Британия

Октябрь 26, 2015 06:52

Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Британияи  Кабир  дар Парлумони Тоҷикистон  ташкил  намудани Гурӯҳи  дӯстию  ҳамкорӣ бо  Парлумони  Британияро  ҷонибдорӣ  мекунад. Ташкили  гурӯҳи  мазкур  ба  рушди муносибатҳои  байнипарлумонии  миёни ҳар  ду  кишвар  мусоидат  менамояд. 
«Камина дар Парлумони  Тоҷикистон  ташкил  намудани Гурӯҳи  дӯстию  ҳамкории Тоҷикистон ва Британияро  ҷонибдорӣ  мекунам. Хоҳишманди  ҳамкорӣ бо  гурӯҳ ва  роҳбари он  Бахтиёр  Худоёрзода  мебошам. Умедворам,, ки  ҳамкории судманди ин  гурӯҳ  бо  гурӯҳи вакилони Парлумони Британияи  Кабир, ки соли  2016 ба  Тоҷикистон сафар  мекунад,  рушду  густариш  хоҳад  ёфт»,  — гуфт сафири  Британияи  Кабир  дар  Тоҷикистон Ҳю Филпотт.

Октябрь 26, 2015 06:52

Хабарҳои дигари ин бахш