Фоҳишагарӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт

Октябрь 21, 2015 04:50

Душанбе, 21.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). — Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат корманди яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт, сокини 39-солаи ноҳияи Файзобод ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба ташкили фоҳишахона машғул будааст. Кормандони ВКД муайян кардаанд, ки номбурда шаби 19-уми октябри соли равон ҳуҷраҳои яке  аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, марди 19-солаи сокини ноҳияи Панҷакент ва зани 20-солаи сокини ноҳияи Ёвон, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 19-солаи сокини шаҳри Чкалов, инчунин марди 35-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 750 сомонӣ гирифтааст. 
Шахси гумонбар дастгир шуда, нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Октябрь 21, 2015 04:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид