Футбол: Ҷоми Осиё дар Душанбе

Октябрь 2, 2015 03:53

Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи футболбозон  барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «F»  бо ширкати дастаҳои мунтахаби то 19- солаи Тоҷикистон, Баҳрайн, Ироқ ва Малдив оғоз меёбад. Сараввал дар соати 15:00 дастаҳои Баҳрайн ва  Малдив бо ҳам қувва меозмоянд. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин вохӯрӣ бо яке аз дастаҳои пурқуввати гурӯҳ -дастаи мунтахаби Ироқ дар соати 18:00  вориди рақобат мешавад. Дар ин поя Федератсияи футболи Тоҷикистон вуруди мухлисонро  ба варзишгоҳ бепул эълон кардааст. Ба варзишгоҳ оеду футболбозони ҷавони кишварро дастгирӣ кунед. 

Октябрь 2, 2015 03:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст