Ги Меттан: «Мо барои ҳамкории судманд тайёрем»
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Ги Меттан, президенти Палатаи савдо ва саноати Швейтсария имрӯз, 22 октябр ба ПСС Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни мулоқот раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид ба Ги Меттан ва меҳмонони швейтсариягӣ дар мавриди 55- солагии таъсиси палата, дастовардҳо, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дигар палатаҳои савдои ҷаҳонӣ суҳбат орост.
«Дар қатори дигар соҳаҳо мо барои ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ низ мароқ зоҳир мекунем, зеро дар Тоҷикистон гиёҳҳои шифобахш зиёданд ва онро метавон ба манфиат истифода намуд. Мо инчунин дар сохтмони роҳҳо, хонаҳои баландошёна, кӯпруку ағбаҳо ҳавасмандем, зеро ин соҳа дар Тоҷикистон афзалиятнок буда, дар ин ҷо ашёи хоми мувофиқ барои сохтмон зиёд аст»,- зикр намуд раиси ПСС Тоҷикистон .
Ш.Саид инчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон тайёр аст бозори хориҷиро бо маҳсулоти баландсифате, ки дар Тоҷикистон парвариш мешавад, таъмин намояд.
«Натиҷаи мулоқоти имрӯзаи мо, барои ҳамкории иқтисодиву савдоии ҳарду ҷониб дар оянда такони наве хоҳад бахшид»,-афзуд Ш.Саид.
Ги Меттан, президенти Палатаи савдо ва саноати Швейтсария зикр кард, ки вай дар бораи Тоҷикистон дер боз маълумот пайдо карда буд, вале бори аввал аст, ки бо ҳайати ПСС Швейтсария ба ин кишвар ташриф меорад. «Палатаи савдои мо ҳоло хеле ҷавон аст, он танҳо се сол дорад. Мо барои ҳамкории мутақобилан судманд тайёрем ва ҳайати Тоҷикистонро ба кишвари худ даъват намоем. Ҳайати Тоҷикистон метавонад ҳам дар Женева ва ҳам дар Сурих Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, барои ҳамкории оянда дар соҳаи иқтисодиёт таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд»,- гуфт Ги Меттан.
Дар мулоқот инчунин бо таклифу пешниҳодҳо намояндагони ҳарду палата сухан карданд.
Дар анҷоми мулоқот байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Швейтсария Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






