Гурӯҳи ДИ масъулияти амалиёти террористиро ба дӯши худ гирифт
Душанбе, 06.10.15. (АМИТ «Ховар»). Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиши бомба дар ҷануби Ироқро, ки бар асари он 10 нафар ҳалок гардид, ба дӯши худ гирифт. Дар ин бора Агентии France Presse хабар медиҳад.
Дар изҳороти ифротиён гуфта мешавад, ки мақсад аз амалиёти террористӣ нест кардани мусулмонони шиапараст аст, ки аксарияти аҳолии ҷануби Ироқро ташкил медиҳанд. «Давлати исломӣ» асосан иборат аз мусулмонони пайрави мазҳаби суннат мебошад.
Автомобили дорои моддаи тарканда дар шаҳри Аз Зубайри назди шаҳри Басраи Ироқ тарконида шуд. Тавре ки сардори раёсати амнияти музофоти Басра Ҷаббор ас Саъдӣ хабар дод, бар асари таркиш 10 нафар ҳалок гардид.
Худи ҳамон рӯз дар минтақаҳои дигари кишвар боз ду амалиёти террористӣ сурат гирифт. Дар шаҳри Ҳалиси музофоти Диёл бар асари таркиши автомобил камаш 35 нафар ҳалок гардида, 40 нафар захмӣ шуд. Дар ноҳияи Ал Ҳусайнияи пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод бар асари таркиши автомобил камаш 12 нафар низ ҳалок гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






