И.в. Сарвазири Қирғизистон Темир Сариев вориди Душанбе шуд

Октябрь 29, 2015 12:55

Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии имрӯз, 29-уми октябр ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Қирғизистон Темир Сариев барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Дар «Фурудгоҳи байналмилаии Душанбе» Темир Сариевро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Т. Сариев 30-юми октябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ ширкат хоҳад кард. 

Октябрь 29, 2015 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш