Ифротгароӣ- падидаи номатлуб дар ҷомеа

Октябрь 22, 2015 10:25

Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 22 октябр дар Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода бо ибтикори Шӯрои марказии илмии донишҷўён конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зуҳуроти ифротгароии динӣ дар байни ҷавонон: сабаб, натиҷа, пешгирӣ» баргузор гардид. 
Дар кори конфронс Аҳмадзода Дилноза — сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аббосиддин Саймиддинов — сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Лутфулло Алиев — мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино ва устодону донишҷўёни ДДЗТ ба номи С.Улуғзода сухан гуфта, ҷавононро ба зиракию ҳушёрӣ ва дӯст доштани Ватан даъват карданд. 

 

Октябрь 22, 2015 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш