Ифтитоҳи Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча” дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди чубу тахтаи “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар маҷмӯъ иқтидори солонаи корхона коркарди 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Баъди пурра ба кор даромадан корхона ин нишондод ба 12 миллион сомонӣ хоҳад расид.
Дар корхонаи Арча ҳамчунин барои хушк кардани чӯби воридшуда технологияи муосир насб гардидааст, ки бо он давоми як моҳ 500 куб ашёи хоми воридшуда барои коркард омода карда мешавад.
Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Италия ва Украина ворид карда шуда, маҳсулоти корхона, аз ҷумла дару тирезаҳои хушсифат ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мегардад.
Яке аз афзалиятҳои муҳими ин корхонаи нав истеҳсолоти бепартови он мебошад, яъне тамоми партовҳои истеҳсолӣ мавриди коркарду истифода қарор мегирад. Ин кор дар ду дегхонаи буғӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
Дар ин корхона 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи дуюми бинои истеҳсолӣ корҳои омодагӣ барои таъсиси корхонаи муштарак бо ширкатҳои давлати Белорус идома дорад. Дар навбати дуюм дар ин корхона истеҳсоли намудҳои гуногуни мебел ва дигар ашёи ороишӣ барои хонаҳои ҳама гуна биноҳо ба роҳ монда мешавад.
Ба гуфти мутахассисон маҳсулоти ин корхона пурра аз чӯби табиӣ буда, дар вақти коркард ва истеҳсолот маводи кимиёвӣ хеле кам истифода мешавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи корхона, аз ҷумла дару тиреза, профилҳо, ашёи хона, ошхона, утоқҳои корӣ ва дигар маводи ороишии аз чӯб омодашударо тамошо карда, ба сифати онҳо баҳои баланд дод.
Чунонки Сарвари давлат таъкид дошт, чунин соҳибкорон метавонанд дару тиреза ва мебели сатҳи ҷаҳонӣ бароварда, ба бозори Тоҷикистон маҳсулоти воридотивазкунанда пешниҳод намоянд ва ҳам содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бозори дохилию хориҷиро омӯхта, маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, истеҳсол кунанд. Тибқи супоришҳои Президенти кишвар бояд тарғиби маҳсулоти чунин корхонаҳои ватанӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Маслиҳат дода шуд, ки барои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳам барои аҳолӣ бояд маҳсулоти арзону босифат истеҳсол ва пешниҳод карда шавад.
Роҳбарияти корхона ваъда доданд, ки дар оянда бо васеъ намудани фаъолият истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, дар ин замина ҷойҳои иловагии корӣ таъсис хоханд дод.








ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






