Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар шаҳри Панҷакент ва мулоқот бо сокинон

Октябрь 18, 2015 12:09

Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути шоҳроҳи нави Айнӣ — Панҷакент ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Сокинони шаҳри бостонӣ Сарвари давлатро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳри Панҷакент низ Эмомалӣ Раҳмон қисмати дигари роҳи Айнӣ-Панҷакентро бо буридани лентаи рамзӣ ба истифода дод.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо корҳои навсозии роҳу пулҳои нав  дар шоҳроҳи мазкур шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки навсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент низ яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар роҳи баромадани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Тавре аён гардид, роҳсозон дар муҳлатҳои муқарраргардида бо истифода аз тамоми таҷрибаи андухтаи хеш дар самти роҳсозӣ роҳро мутобиқ ба талаботи стандартҳо бунёд кардаанд.

Баъди ифтитоҳи роҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳр, ки барои истиқболи Сарвари давлат ва ба хотири иштирок дар маросими кушодани роҳи Айнӣ-Панҷакент дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, суханронӣ кард.

Президенти мамлакат ифтитоҳи роҳи нав, корхонаҳои саноатии маъдантозакунӣ ва заршуиро дар шаҳри Панҷакент ба сокинон муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки роҳҳо натанҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва борҳои гуногун хизмат мекунанд. Бунёди роҳҳои нав ва нақбу пулҳо ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард сохтаву таҷдид ёфта, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардидааст. Имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонида шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ҳанӯз соли 2011 «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025» қабул гардид ва дар доираи он бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи умумии 4,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар асоси барномаи зикршуда ду сол қабл, яъне моҳи октябри соли 2012 азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро оғоз карда будем ва имрӯз онро бо иштироки намояндагони мардуми ноҳияи Айнӣ аз гардиши Айнӣ — Панҷакент ва қисмати панҷакентии онро дар ҳузури сокинони шаҳри Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор додем. Арзиши лоиҳавии таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент беш аз 700 миллион сомонӣ, баробар ба 115,3 миллион доллари амрикоӣ буда, ин лоиҳа бо гранти Бонки рушди Осиё аз тарафи Ширкати сохтмонии «Сансиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба анҷом расонида шуд. Имрӯз роҳ ва иншооти он дар масофаи бештар аз 112 километр пурра азнавсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар корҳои азнавсозии роҳ 1330 нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозон бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Беш аз 1000 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва дар ободии диёри хеш саҳми сазовор гузоштанд. Бунёди роҳу пулҳои навро, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, Президенти мамлакат ба сокинони мамлакат туҳфа намуд.

Ин роҳ ба қавли Президенти мамлакат бояд садсолаҳо ба мардум хизмат кунад, аз ин рӯ нигоҳубини он низ бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.  

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди роҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат бо итминон изҳор дошт, ки сокинони шаҳри Панҷакент бо меҳнати софдилона ва бо дастовардҳои назаррас 25 — солагии истиқлолияти давлатии мамлакатро истиқбол мегиранд.

Сокинони шаҳри Панҷакент, хонандагону донишҷуён ва кормандони касбу кори гуногун ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои ғамхории ҳамаҷониба ва иқдомҳои нек дар роҳи беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва шукуфоии Ватан изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Октябрь 18, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар Хоруғ бо таъмини шароити мусоид мавсими оббозӣ оғоз гардид
Олимон омили дуюми хатари марги бармаҳалро ошкор карданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, шанбе, 181-умин рӯзи соли 2024 аст
Тоҷикистон ва Қатар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд
Дар Роғун ба насли ҷавон аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаҳмонида шуд
ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ. Дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши идона баргузор шуд