Ифтитоҳи сардхонаи ҶДММ «Ситабр-Агро»-и ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро»-и ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, ба фаъолияти сардхонаи он ифтитоҳ бахшид. Ҷамъияти дорои масъулиятимаҳдуди «Ситабр-Агро» дар ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор воқеъ буда, дорои 20 гектар замини обӣ мебошад. Дар ин ҷо кишоварзон асосан ба бунёди боғҳои интенсивӣ машғул мебошанд.
Соли 2014 Сарвари давлат ба роҳбарият ҷамъияти «Ситабр-Агро» дастур дода буд, ки барои аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштан ва ба муҳлатҳои дуру дароз захира намудани мева дар шафати боғи худ сардхона бунёд намоянд. Инак ин супориши Роҳбари давлат то ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон иҷро карда шуд.
Тавре маълум шуд, дарозии сардхона 117 метр буда, паҳноияш 27 метрро дар бар мегирад, ки он имконияти захира намудани 3 ҳазор тонна меваву сабзавотро дорад. Сардхона бо технологияи истеҳсоли Олмон ба маблағи бештар аз 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки дар он имкони нигоҳ доштани маҳсулоти тару тоза ба муҳлати як сол вуҷуд дорад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро» феълан дар майдони 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд намудааст, ки ниҳолҳои он аз Италия ворид карда шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҳар гектари боғҳои бунёдёфта аз 50 то 70 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, нақши чунин сардхонаҳоро дар фаровонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд. Барои дуруст истифода кардани технологияи воридшуда ва аз бар кардани тарзи захираи маҳсулот, хусусан мева дар сардхона якчанд мутахассисони ҷамъияти мазкур дар хориҷи мамлакат бо курсҳои махсуси бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ин сардхона на танҳо маҳсулоти худи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро», балки имкони нигоҳдории маҳсулоти кишоварзии дигар деҳқонону хоҷагидорони ноҳияи Ҳисорро низ доро мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






