Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ҳамзамон варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро ифтитоҳ намуд. Дар назди варзишгоҳ Сарвари давлатро сокинони ноҳия ва варзишгарон самимона истиқбол гирифтанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, варзишгоҳ дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонида шудааст.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор бо маблағи бештар аз 42 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои шароити мусоид барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, машқу тамрин ва кору фаъолият мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашаматро барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. Минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир мешавад ва ҳамзамон ҷавонону наврасони ноҳия ба тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.
Варзишгоҳ дар масоҳати 20 гектар бунёд ёфта, дар атрофаш гулу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст. Дар ин иншооти муҳим, аз ҷумла утоқҳои корӣ барои доварон, ҷой барои истироҳат ва муолиҷаи варзишгарон, синфхонаи техникӣ, толор барои гузаронидани конфронси матбуотӣ, ҷойи либоскашӣ, ҳаммом ва дигар шароити мусоид мавҷуд мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ дар чорабинии сатҳи баланд, ки ба муносибати 3000-солагии Ҳисор доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Президенти мамлакат зимни суханронӣ нахуст ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва варзишгоҳи замонавиро, ки ба муносибати 3000-солагии Ҳисор бунёд ёфтаанд, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои мардуми Ҳисори шодмон ва кулли Тоҷикистон маънидод намуд.
Сипас бо иштироки аҳли ҳунар барномаи мукаммали театрикунонидашуда пешниҳод карда шуд, ки басо рангину диданӣ буд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






