Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ

Октябрь 16, 2015 07:40

Душанбе, 16.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Бурабой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ кард.
Пеш аз оғози ҷаласа бо иштироки ҳайатҳои васеъи давлатҳо, сарони кишварҳои Иттиҳод дар ҳайати маҳдуд,  ки дар он Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раиси намуд 17 масъаларо баррасӣ карданд.
Дар ҷаласаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи санадҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, 30 — юмин солгарди садамаи нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил ва ҳамкории фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахуст ба ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон барои иҷрои тадбирҳои мушаххас дар раёсати Иттиҳод ва анҷоми муваффақонаи корҳо изҳори сипос намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин Александр Лукашенкоро барои такроран интихоб шуданаш ба мақоми олӣ — Президенти Ҷумҳурии Белорус табрику таҳният гуфт.
 Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, бӯҳрони иқтисодию молиявӣ, мураккаб гардидани муноқишаҳои минтақавӣ, мо имкон дорем дар доираи Иттиҳод ҳамаи масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли мушкилот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намоем.   
“Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо воридгардида, аз ҷумла изҳороти сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 70 — солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар вазъи феълии ҷаҳонӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошанд”,-изҳор дошт зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории зичу пурсамари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини амният, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таҳкими сарҳади берунии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ҳамкорӣ дар бахши гуманитарӣ, раванди муҳоҷират, мубориза бо ҷинояткорӣ, муносибатҳои фарҳангӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ амри зарурист.
“Моҳи гузашта дар ҳамоиш ва тадбирҳои идонаи Созмони Милали Муттаҳид мо имкон доштем, аз минбари баланд барои таъмини сулҳу субот дар сайёра, ҳалли муноқишаҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ бо пешниҳодҳои асоснок баромад карда, мавқеи устувори худро чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намоем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи ягона доштанд”,-изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил мебошад”.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз қувваи нав пайдо кардани гурӯҳҳои экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба сафи онҳо, истифодаи дини мубини ислом барои ҳадафҳои нопок аз ҷониби террористон, амалҳои фоҷеабору мудҳиши ба ном «Давлати исломӣ», нооромӣ дар назди сарҳади кишварҳои иттиҳод изҳори нигаронӣ карда, сарони давлатҳоро барои қабули қарорҳои қатъӣ дар мубориза бо ин зуҳурот даъват кард.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки қарорҳои имрӯз қабулшаванда бо назардошти манфиатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод ба таври матлуб татбиқ карда мешаванд ва омили муҳимми рушду таҳкими муносибатҳои мо мегарданд.
Бояд зикр намуд,  ки дар ҷаласа сарони кишварҳои иттиҳод дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ бо назардошти манфиатҳои умумӣ мавқеи худро муайян намуданд ва барои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таъмини амният дар қаламрави иттиҳод, ҳалли бӯҳрони иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрам омодагии давлатҳояшонро таъкид доштанд.
Дар ин ҳамоиш Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Русия Владимир Путин, муовини вазири корҳои хориҷии Молдова Андрей Галбур, муовини Сарвазири Туркманистон Сатлык Сатлыков, кордори муваққатии Украина дар Қазоқистон Юрий Лазебник иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои ИДМ раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуд.

 

 

Октябрь 16, 2015 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад