Иштироки Сарвари давлат дар бозии футболи дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия
Душанбе, 31.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф овард.
Чорабинии имрӯзаи варзишӣ аз дигар бозиҳои футбол бо он фарқ мекунад, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт бозии ҳалкунанда барои муайян кардани чемпиони бозиҳои Осиё барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё – 2015 доир гардид.
Дар ин сабқат дастаи қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол» бо либоси варзишии сурху сиёҳ ва қаҳрамони дукаратаи Малайзия «Ҷоҳор Дарул Такзим» бо либоси варзишии сафед рӯи майдон баромаданд.
Боиси хушнудист, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Раиси Кумитаи олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон футбол дар Тоҷикистон солҳои охир оммавияти васеъ пайдо намудааст, зеро футболбозони дастаҳои алоҳида ва мунтахаби кишвар бозиҳои шавқовар ва натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд.
Ин аст, ки сафи мухлисони футбол ҳам дар Тоҷикистон солҳои охир хеле афзудааст.
Соли 2014 дар саросари кишвар чорабинии бошукуҳи соли оммавияти футбол доир гардид, ки аз тадбирҳои роҳбарияти давлату ҳукумат дар роҳи рушди ин навъи варзиш буд.
Имрӯз майдони марказии варзишии пойтахт, ки дорои беш аз 25 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, пур аз ҳаводорони футбол ва мухлисони дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд.
Иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дӯстдорони воқеӣ ва тарғибгари басо фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар кишвар аст, натанҳо ба футболбозони тоҷик, балки ба кулли мардуми дар ин майдон ҷамъомада рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Бозӣ басо ҷолибу шавқовар ва бо шиддат ҷараён гирифт. Ҳарду даста ҳам барои ба даст овардани пирӯзӣ иродаи қавӣ ва маҳорату малакаи баланд нишон доданд.
Бозӣ бо ҳисоби 0 бар 1 ба фоидаи дастаи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия анҷом ёфт.
Баъди аноҷми бозӣ маросими супоридани Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё — 2015 ба дастаи ғолиб доир гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






