Кабирӣ: Барои аз сафи ҲНИТ баромаданам пушаймон нестам
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти рақами 39 (1139) аз 1-уми октябри соли равон мусоҳибаи хабарнигори худро бо бародари Муҳиддин Кабирӣ — Сафар Кабиров ба нашр расонидааст. АМИТ «Ховар» мусоҳибаи мазкурро пешкаши хонандагон мекунад.
Ман бародари Муҳиддин Кабирӣ — Сафар Кабиров.
— Чӣ шуморо ба идораи рӯзнома овард? Изҳороте доред ё касе маҷбур кард?
— Не, бо хоҳиши худам омадам. Гапи гуфтанӣ дорам.
— Гӯш мекунем.
-Аввал, дар бораи худам. Ман хидмати аскарӣ кардаам. Дар Одесса. Шпал ба сарам зад, шаш моҳ дар беморхона бистарӣ будам. Хостанд маро аз аскарӣ озод кунанд. Розӣ нашудам. Тавони номи маҷруҳиро бардоштан надоштам. Касе, ки ба баҳонаи маҷруҳӣ хизмати Ватан намекунад, Ватан ҳам аз ӯ безор буду духтарон ҳам ба вай ба шавҳар намебаромаданд. Содиқона ба Ватан хизмат кардам…
— Бисёриҳо аз аскарӣ мегурехтанд, шумо мегӯед, ки содиқона ба Ватан хизмат кардед.
-Ватан- Ватан аст, хизмат қарзи ҳар фард, хизмат накардан хиёнат аст.
-Хиёнат ба Ватанро шумо чӣ гуна мефаҳмед?
-Хиёнат ба миллат, ба давлат, ба Ватан амали нангин аст!
— Нангин будани он дар чӣ ифода меёбад?
-Шикастани муқаддасот, одамонро ба роҳи бад бурдан.
—Амали Назарзода хиёнат ба миллат буд?
-Чӣ хел хиёнат набошад? Ин хиёнат аст! Чӣ гуна инсон метавонад, дар сурате, ки ҳама чизаш муҳайё бошад, вазифаи баландро барояш боварӣ карданд, боз ба чунин кор даст занад?
—Магар ҳама чиз барои бародари шумо -Муҳиддин Кабирӣ муҳайё набуд?
-Ман бовар дорам, ки фарзандони падари ман набояд хиёнаткор бошанд. Агар фарзанди падари ман хиёнат кунад, Худо ҷазояшро диҳад. Мо аз хиёнаткор даст мекашем.
Падари ман марди деҳқон аст, ризқашро аз замин меёбад. Вақте ки он кас заминро каланд мезаданд, мардум мегуфтаанд, ки инро булдозер кардааст. Вақте ки дарав мекарданд, мегуфтаанд, ки ин кори комбайн аст. Аз чунин падар фарзанди хиёнаткор ба дунё намеояд.
-Мегӯянд, ки бародаратон –Муҳиддин Кабирӣ бо генерал Назарзода ҳамсоя буд ва бо ӯ ҳамкорӣ ва рафтуомад ҳам доштааст?
— Ман аз ин хабар надорам. Дар хонаи бародарам як бор будам, ҳамроҳи падарам.
-Назарзодаро шумо ягон маротиба дида будед?
-Не! Ман як деҳқони одӣ, бо генералҳо сару коре надорам.
— Агар шумо ба ҷойи бародаратон Муҳиддин мебудед, чӣ кор мекардед?
-Ман мешудам, гуфтушунид мекардам. Суҳбат мекардам. Ман ҳанӯз ҳам боварӣ дорам, ки ӯ хиёнат накардааст. Мо бояд бо ҳам бошем, ватанамонро обод кунем. Барои мо ягон бегона омада, ватанамонро обод намекунад.
-Охирин суҳбати шумо бо бародаратон кай ва дар куҷо буд?
-Дар токзор. Ман деҳқонам, замини кишт дорам. Охирин суҳбат вақте сурат гирифт, ки ток қайчӣ мекардам. Аввали моҳи апрел ё охири март буд. Гуфт, ки ака, ман сафар дорам. Гуфтам, Худо нигаҳбонат.
-Мегӯянд, ки ҳатто ба дафни модаратон наомад?
— Бегоҳ дар назди модарам буд. Фотиҳа гирифту парвоз кард. Субҳ соати панҷ модарам фавтиданд. Ҳамон шаб Муҳиддин рафта буд. Занг зад, падарам гуфтанд, ки мо шуморо нигоҳ намекунем, мегӯронем. Ӯ бегоҳ омад.
-Падаратон баъди рафтани Муҳиддин чӣ рӯзгор дорад?
— Шахси ботақвоянд, пайваста Худо мегӯянд.
-Ҳоло бо бародаратон Муҳиддин робита доред?
-На, робитаи телефонӣ надорам. Лекин то ҷое медонам, дар Туркия аст. Медонед, ман як чизро мехоҳам бигӯям. Шумоён журналистед, мо бояд коре кунем, ки Тоҷикистон обод шавад.
-Чӣ кор кунем, ба фикри шумо?
-Мо бояд гуфтугӯйи байниҳамдигарӣ дошта бошем, корро бо сулҳ тамом кунем. Он гунае, ки Президент мекунад. Ман соли 1993, вақте Эмомалӣ Раҳмон Афғонистон рафт, гиря карда будам. Ҳа, ба хотири шуҷоату қаҳрамонии ӯ номи писарамро Эмомалӣ мондам. Ин кори осон нест. Сулҳ ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар хато кунам, маро ислоҳ кунед, шумо хато кунед, ман гӯям. Ман хоҳиш дорам, ки ҳама корро бо гуфтушунид хал кунем.
— Шумо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ҳастед?
-Будам. Акнун барои ободии диёрамон аз сафи он баромадам.
-Кӣ шуморо аъзои ҳизб кард?
— Бачаҳо ташвиқ карданд, аъзо шудам. Агар имрӯз Ҳизби наҳзат барои Тоҷикистон зараровар бошад, мувофиқи қонун банданд.
-Аз ҲНИТ рафтед, пушаймонед?
-Ҳаргиз, пушаймон нестам.
-Чаро Муҳиддин Кабирӣ — фарзанди оилае, ки ба дин он қадар иртиботе надошт, сарвари ҳизби динӣ шуд?
-Тақдир.
-Шумо бо бародарон дар муҳити оилавӣ якҷо менишастед?
-Ҳа, аммо ман чун серкорам, камтар менишастам. Бегоҳие, ки Муҳиддин меомад, мерафтем, менишастем, суҳбат мекардем.
-Аз чӣ суҳбат мекардед?
-Аз зиндагӣ.
-Аз ҳизб, чӣ?
-Не, ман он қадар аз кори ҳизб огаҳӣ надоштам, ки дар бораи ҳизб суҳбат кунам.
-Мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки ҳама сокинонаш мусулмонанд. Чӣ зарурат аст, ки миёни онҳо тафриқа андозем?
— Ин муллоҳоро Худо худаш тавфиқ диҳад… Ман аз бесаводии худам ҳазор бор хурсандам, ки як бурида нонро бо заҳмат меёбаму мехӯрам ва аз пули муллогӣ нон намехӯрам.
-Кабирӣ ба шумо ёрдами пулӣ мекард?
-Ба ман кӯмак чӣ лозим? Ман муҳтоҷ нестам. Баръакс, соли 1987, вақте донишҷӯй буду ба Яман мерафт, ман барои харидани мошин 5000 сум пул ҷамъ карда будам, онро ба ӯ додам, ки роҳпулӣ кунаду хонад. (Муҳиддин Кабирӣ донишҷӯйи факултаи шарқшиносӣ буд).
— Шуморо касе озор дод ё медиҳад?
-Не, касе маро озор надодааст. Маро фақат як маротиба, соли 1993 бачаҳои эшони Дароз ва ба гулӯям корд монда, мошинамро гирифта буданд. Дигар то имрӯз аз касе озоре надидаам. Шумо журналистед, мӯйро аз хамир ҷудо кунед, таҳлил кунед, ки аз касе зарар набинед. Ҳозир хоҷагии деҳқонӣ ва фермаи маро барои тафтиш бастаанд. Ман одами ҷангҷолӣ нестам, ба ҳеҷ ҷой муроҷиат накардам. Ман мехоҳам Тоҷикистон аз шарри душманон эмин бошад. Обод бошад. Нонамонро ёфта хӯрем.
-Роҳи наҷоти Тоҷикистон дар чист?
-Дар кору мусолиҳа!
-Эмомалии шумо чанд сола шуд?
— Ҳамқадами давлатамон.
— Ҳоло дар куҷост?
— Дар Русия, мардикорӣ.
-Чанд фарзанд доред?
-13 нафар.
-Бачаҳоятон соҳибмаълумотанд?
-Ҳа, духтарам дар Туркия мехонад. Ман фикр мекунам, ки духтар бояд хонад.
Манбаъ: Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»