Конфронси байналмилалӣ бахшида ба масоили Афғонистон
Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — 8 октябр дар шаҳри Маскав конфронси дурӯзаи байналмилалӣ бахшида ба вазифаи муқовимат ба хавфу хатар ба амнияти қаламрави Афғонистон оғоз ёфт.
Ин чорабинӣ, ки бо ибтикори Вазорати мудофиаи ФР созмон дода шудааст, бо иштироки кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, нозирону мушорикони муколама, ҳамчунин роҳбарияти созмонҳои калони минтақавию байналмилалии СҲШ, СААД ва ИДМ ҷараён дорад.
Дар конфронс манофеи Афғонистонро ноиби аввали президенти кишвар Абдурашид Дӯстум ҳифз мекунад.
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу зимни суханрониаш аз вусъати фаъолияти «Давлати исломӣ» дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд. Вазир гуфт, ки таҳдиди қувваҳои ифротӣ муборизаи дастаҷамъиро тақозо мекунад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии RТ.
Абдурашид Дӯстум аз ҳукуматдорони Русия хоҳиш намуд, ки ба кишвараш ёрии ҳарбию техникӣ расонанд. Номбурда зикр намуд, ки Афғонистон дар муборизаи судманд бо терроризм ба ҳавопаймоҳо, аслиҳа ва лавозимоти ҳарбӣ ниёз дорад.
Тавре ки сухангӯи Дӯстум Султон Файзӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, ҷониби Афғонистон аз Русия дахолати мустақим ба амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави Афғонистонро хоҳиш карданӣ нест.
Файзӣ хабар дод, ки ҳукуматдорони Федератсияи Русия имконияти мусоидат ба сулҳу суботи Афғонистонро баррасӣ намуда, бо ин васила моил будани худро ба дастгирии қувваҳои низомӣ ва ҳарбии ҳавоии кишвар намоиш медиҳанд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Хома пресс».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






