Конфронси илмию адабӣ дар Тоҷикобод

Октябрь 8, 2015 12:44

Тоҷикобод, 08.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 26-умин солгарди Рўзи забони тоҷикӣ  конфронси илмию адабӣ   доир кард. Дар ин ҷамъомад раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир, кормандони  дастгоҳи ноҳия, донишҷӯёну фаъолону мееҳмонон иштирок доштанд. Раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир сокинони ноҳияро бо ҷашни забон табрик гуфта, ҳамагонро ба арҷгузорӣ ба забони модарӣ даъват кард.
Хонандагони мактабҳои ноҳия   дар бораи забони модарӣ шеърҳо қироат намуданд. 

Октябрь 8, 2015 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш