Конфронси “Роҳи абрешим: таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон”дар Гонконг

Октябрь 31, 2015 05:56

Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — 29 октябри соли 2015 дар Донишгоҳи политехникии Гонконг таҳти унвони «Silk Road Strategy: Focus on Tajikistan” (Роҳи абрешим: таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон) конфронс баргузор гардид, ки дар он намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, коршиносон ва донишмандони марказҳои пешрафтаи тадқиқотии Гонконг иштирок карданд.
Конфронси мазкур бо саҳму ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин, China Business Centre, The Hong Kong Polytechnic University, Silk Road Economic Development Research Center ва инчунин Kaisun Energy Group Limited, Oriental Patron Financial Group, Hong Kong Energy and Minerals United Associations, China Hong Kong Economic Trading International Association and Qianhai International Liaison Services Ltd доир гашт.
Дар назди иштрокчиёни конфронс бо сухани табрикотӣ вазири молияи ҳукумати Гонконг Tsang Chun-was ва ректори Донишгоҳи политехникии Гонконг профессор Philip Chan сухан гуфта, нақши муҳими Тоҷикистонро дар роҳандозии ин ибтикорот махсус таъкид карданд.            
Рашид Олимов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Чин зимни суханронии худ ташаккули “камари иқтисодӣ”-и Роҳи абрешимро дар роҳандозии ҳамкории самараноку бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ иброз дошта, гуфт, ки он ба робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ неруи тоза мебахшад. Рашид Олимов афзуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси “абрешимӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро хуб истиқбол намудааст.
Рашид Олимов ба намояндагони доираҳои соҳибкории Гонконг имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи энергетикиву маъданӣ буда, ҳамкории дарозмуддат дар бахшҳои аграрӣ, тавлиду коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, гидроэнергетика ва сайёҳӣ, бахшҳои молияву бонкӣ роҳро барои бурду манфиати мутақобила боз хоҳад кард.
Доктор Томас Чэн, роҳбари Маркази соҳибкории Чин, Ҷозеф Чен, мудири Маркази гонконгии омӯзиши рушди иқтисодии Роҳи абрешим ва  Ло Ин,  директори генералии Xing Kai Investment Limited зимни суханрониҳои хеш таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъу дурнамои рушду густариши равобити Чин ва Тоҷикистон ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни Гонконг ва Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Дар кори конфронс раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” профессор Тоҷидин Пирзода сухан гуфта, оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва мавқеи «Тоҷиксодиротбонк» дар он маълумоти муфассал дод. Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки дар марҳалаи кунунии рушд «Тоҷиксодиротбонк» ба ҳамкории байнибонкӣ бо бонкҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин афзалият дода, дар ин роҳ қадамҳои устувор низ гузоштааст.
Дар ҷараёни конфронс байни иштрокчиён ва баромадкунандагони конфронс табодули ҷолиби андешаҳо сурат гирифт.

 

Октябрь 31, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ