Корҳои мустаҳкамкунии соҳилҳо дар Ховалинг оғоз ёфтанд
Кӯлоб, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Сокинони деҳоти ноҳияи Ховалинг, ки дар соҳили дарёчаҳо истиқомат мекунанд, дар давоми солҳои охир аз ҳисоби омадани сел ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардидаанд. Ба хотири пешгирии офатҳои табиӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аз моҳи сентибр корҳои мустаҳкамкуниро дар соҳилҳои дарёчаи Оби мазор оғоз намуданд ва ҳамарӯза сокинони се деҳа ба ҳашар мебароянд.
Тавре ки Абдулманон Абдулалимов, сокини ноҳияи Ховалинг иброз дошт, ба ин мавзеъ техникаи соҳавӣ низ чалб гардида, он дар кори соҳилбандӣ кумак мерасонад.
Ба гуфти роҳбарияти мақомоти иҷроия тадбирҳои андешидашуда барои мустаҳкам намудани соҳилҳо саривақтӣ буда, то моҳи март идома меёбанд. Дар ҳамин замина таъмир ва навсозии пули назди деҳаҳои номбаршуда ба нақша гирифта шудааст ва он аз ду ҷониб 24 метри дигар дароз карда мешавад. Ин имкон медиҳад дар ҳама фасли сол ҳаракати нақлиёт ва сокинони се деҳа таъмин гардад.
Ҳамин гуна корҳои мустаҳкамкунии соҳилҳо бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ оғоз гардидаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






