Кумак ба Хомисаи маъюб аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ 20 октябр ба аёдати маъюби гурӯҳи якум, донишҷӯи курси панҷуми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ Хомиса рафтанд. Ин донишҷӯдухтар аз хурдӣ аз бемории буғумдард азият кашида, аз соли 2012 бемориаш шадидтар гардиду ӯро аз пой афтонд. Падари Хомиса дар муҳоҷират мебошад, зеро ду фарзанди ӯ аз оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ бемор гардида, барои табобат доруҳои қимат истифода мебаранд.
Хомиса мисли дигар ҳамсолони худ дар дил орзуҳои зиёд дорад, вале беморӣ намегузорад, ки ӯ ба донишгоҳ раваду аз орзуҳои ҷавонии худ баҳраманд гардад.
Кормандони кумита ба оилаи Хомиса як миқдор маводи хӯрокӣ тақдим намуданд. Ин аёдати кормандони кумита Хомисаро руҳбаланд намуда, ӯ изҳори миннатдории худро ба ҳамаи онҳое, ки ӯро дастгирӣ менамоянд, баён намуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






