Кумак ба Хомисаи маъюб аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила

Октябрь 22, 2015 04:41

Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Кормандони  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ  20 октябр  ба аёдати маъюби гурӯҳи якум, донишҷӯи курси панҷуми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ Хомиса рафтанд. Ин донишҷӯдухтар аз хурдӣ аз  бемории буғумдард азият кашида,  аз соли 2012 бемориаш шадидтар гардиду ӯро аз пой афтонд. Падари Хомиса дар муҳоҷират мебошад, зеро  ду фарзанди ӯ аз оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ бемор гардида,  барои табобат доруҳои қимат истифода мебаранд. 
Хомиса мисли дигар ҳамсолони худ дар дил орзуҳои зиёд дорад, вале беморӣ намегузорад, ки ӯ ба донишгоҳ  раваду аз орзуҳои ҷавонии худ баҳраманд гардад.
Кормандони кумита ба оилаи Хомиса як миқдор маводи хӯрокӣ  тақдим намуданд. Ин аёдати  кормандони кумита Хомисаро руҳбаланд намуда, ӯ изҳори миннатдории худро ба ҳамаи онҳое, ки ӯро дастгирӣ менамоянд, баён намуд.

 

Октябрь 22, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад