М.Кабирӣ аз Туркия ба писари худ супориш додааст, ки 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА ба ҳоҷӣ Ҳалим расонад

Октябрь 27, 2015 09:08

Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи гузориши телевизионии шоми рӯзи 26 октябри соли равон пахшгардида Муҳиддин Кабирӣ, раиси собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як рӯз қабл аз ҳодисаҳои фоҷиавии моҳи сентябр ба писари худ Руҳуллоҳ Тиллозода супориш додааст, ки 1 миллиону 200 ҳазор доллар маблағи пулиро ба Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) бурда диҳад. 
Хотиррасон мешавем, ки шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли равон таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода бо истифода аз собиқ ҷанговарони гурӯҳҳои мусаллаҳи неруҳои мухолифин кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ дар доираи парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Аз ҷумла, 21 октябри соли равон мақомоти тафтишотӣ Сайфов Ҳикматулло Қудратович — ронандаи собиқи Муҳиддин Кабирӣ, Нарзуллоев Ҷамшед Исматуллоевич — директори ҶСП «Бинокор Сервис» ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ Тешаевич, сардори шуъбаи кадрҳои ҶСП «Бинокор Сервис»-ро бо гумони даст доштан дар ҷинояти табаддулоти давлатӣ дастгир карданд.
Дар ҷараёни пурсиши дастгиршудагон маълум гашт, ки бегоҳии 1-уми сентябри соли равон, яъне ду рӯз пеш аз амалҳои террористӣ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз тарафи гурӯҳи террористии ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, писари калонии Муҳиддин Кабирӣ — Тиллозода Руҳулло Муҳиддин, соли таваллудаш 1989, тавассути телефони мобилӣ ба Сайфов Ҳикматулло занг зада, ӯро ба манзили зисти М.Кабирӣ, воқеъ дар кӯчаи Хайрулло Мирзоев даъват карда, дар рафти суҳбат ба Ҳикматулло Сайфов гуфтааст, ки бо супориши падараш Муҳиддин Кабирӣ таъҷилан маблағи 1 млн. 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъоварӣ карда, ба ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бояд бурда диҳанд.
Баъдан Руҳулло ба Сайфов Ҳ. дастур медиҳад, ки 2-юми сентябр ба ҶСП «Бинокор Сервис» рафта, ба Нарзуллоев Ҷамшед ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ супориши Муҳиддин Кабириро расонанд, то ки онҳо тамоми маблағҳои дар ихтиёр доштаи ширкатро ҷамъоварӣ кунанд. Инчунин  тамоми молу мулки дар ширкати мазкур мавҷудбуда ва дигар иншооташонро дар ҳудуди шаҳри Душанбе  таъҷилан бо нархи арзон  ба фурӯш гузоранд.
Баъди ҳозир шудани Сайфов Ҳикматулло ба дафтари кории ширкати «Бинокор-Сервис» ва расонидани дастури М. Кабирӣ оид ба таъҷилан ҷамъоварӣ кардани маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ ва бурда расонидани он ба Назарзода Абдуҳалим Мирзо шаҳрвандон Нарзуллоев Ҷамшед ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ иброз медоранд, ки дар айни замон дар ширкат 200 ҳазор сомонии аз маблағи фурӯши хонаҳо ва дигар даромадҳои ширкат, инчунин  400 ҳазор доллари ИМА, ки тахминан 1,5 моҳ пештар Руҳулло ба Ҷамшед Нарзуллоев дода буд, мавҷуданд. Боқимонда маблағ аз карйери пештар фурӯхташуда ба миқдори 1 миллиону 180 ҳазор сомонӣ дар дасти Руҳуло қарор дорад, — мегӯянд Ҷ.Нарзуллоев ва М. Раҳматуллоев.
Ҳамон рӯз, 2-юми сентябр, яъне як рӯз пеш аз амалҳои террористӣ, писари М.Кабирӣ — Тиллозода Руҳулло ба дафтари кори ҶСП «Бинокор-Сервис» ҳозир гардида, ба Ҷ.Нарзуллоев ва М. Раҳматуллоев дубора супориши М.Кабириро мерасонад ва аз онҳо 400 ҳазор доллари ИМА ва 200 ҳазор сомониро, ки дар сейфи Нарзуллоев Ҷамшед буд, мегирад. Аз сейфи худаш, ки дар утоқи кориаш буд, дар як халта маблағҳоро бо асъори хориҷӣ мебарорад ва ҳисоб мекунад. Сипас Руҳулло ба Назарзода Абдуҳалим телефон карда мегӯяд, ки аз рӯи супориши падараш М.Кабирӣ маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ҷамъоварӣ намудааст.
Баъди супоридани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА ба дасти Абдуҳалим Назарзода Руҳулло Тиллозода бо Сайфов Ҳикматулло то манзили зисти ӯ меоянд ва сипас мошинро худаш гирифта, ба самти номаълум ҳаракат мекунад.
Директори ҶСП «Бинокор Сервис», ки ҳамзамон бародари ҳамсари М.Кабирӣ мебошад, дар навори телевизионӣ гуфт: «Руҳуллоҳ ба пеши ман омад ва гуфт, ки бояд 1 миллиону 200 ҳазор долларро ба Ҳоҷӣ Ҳалим диҳем. Чорсад ҳазорашро аз ин ҷо гирифту ҳаштсад ҳазори дигарашро аз сейфи худ овард. Баъд ҳамаи пулро дар халта андохт ва ба Ҳоҷӣ Ҳалим занг зад. Сипас бо ронандаи Муҳиддин Кабирӣ ба хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим рафтанд».
Дар навбати худ ронандаи М.Кабирӣ Сайфов Ҳикматулло Қудратович, ки ҳамзамон шавҳари хоҳари Кабирӣ мебошад, тасдиқ кард, ки «Ба хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим дар назди корхонаи нонпазӣ рафтем. Руҳуллоҳ даромад ва ман дар мошин истодам. Баъд аз он, ки пулҳоро дода баромад, ба сӯи хонаи мо омадем ва ман аз мошин фаромадам. Ӯ ҳам рафт».
Бояд гуфт, ки баъд аз сар задани ҳодисаҳои фоҷиавии моҳи сентябр Суди олии мамлакат бо қарори худ аз 29 сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ (экстремистӣ) эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави мамлакат манъ намуд.  Ҳоло тафтиши пешакӣ аз рӯи ҳодисаҳои моҳи сентябр идома дорад.  

 

Октябрь 27, 2015 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст