Маҷидзода Ҷӯрахон дар кори ҷаласаи комиссияи АБП ИДМ иштирок мекунад
Душанбе, 13.10.15. (АМИТ «Ховар»). 15 — 16 октябр дар шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии (АБП) давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи масоили мудофиа ва амният баргузор мегардад.
Дар кори ҷаласа вакилони парлумонҳои узви АБП ИДМ, таҳиягарони лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва коршиносон иштирок менамоянд. Тоҷикистонро дар ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон намояндагӣ мекунад.
Дар ҷараёни кори комиссия таҳияи лоиҳаҳои шарҳу мулоҳиза ба қонун «Дар бораи муқовимат ба пулшӯии даромадҳо бо роҳи ҷинояткорӣ, маблағғузории терроризм ва паҳн кардани аслиҳаи қатли ом», шарҳу мулоҳиза ба қонун «Дар бораи сири давлатӣ», тавсияҳо барои кормандони мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои узви ИДМ оид ба ташкилу роҳандозии «интиқоли маводи назоратшаванда» ва ғайра анҷом дода мешавад.
Аъзои комиссия лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва мақоми наҷотдиҳандагон», «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ» ва лоиҳаи шарҳу мулоҳиза ба қонун «Дар бораи сарҳади давлатӣ» — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






