Маҳви 170 ифротгаро дар Афғонистон

Октябрь 11, 2015 03:44

Душанбе, 11.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон 170 ҷангии силоҳбадаст маҳв карда шуд. Дар ин бора расонаҳои хабарии хориҷӣ иттилоъ медиҳанд. 
Амалиёт дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд, Ҳирот, Қандаҳор, Нангарҳор ва чанд минтақаи дигар гузаронида шуда, дар ҷараёни он 5 низомӣ низ ҳалок шудаанд. 
Зимни кофтуков аз силоҳбадастон миқдори зиёди яроқу аслиҳа дарёфт ва мусодира гардид. 

 

Октябрь 11, 2015 03:44

Хабарҳои дигари ин бахш