Маҳви даҳҳо тан аз террористони ДИИШ дар Сурия

Октябрь 17, 2015 04:35

Душанбе, 17.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Неруҳои артиши Сурия 34  террористро дар Лозиқия маҳв карданд. Марги ин террористон дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки амалиёти артиши Сурия дар вилояти Лозиқия аз рўзи ҷумъа оғоз шудааст. Тибқи гуфтаи генерал Алӣ Майҳуб пас аз ин ҳамла шаҳрҳои Ҷаббулаҳмар, Рабиъа ва Салморо бозпас гирифта шуда, дар маҷмўъ 34 террорист нобуд гардиданд. Сухангўи артиши Сурия ҳамчунин таъкид кард, ки дар фурудгоҳи Дайруззур даҳҳо тан аз пайкорҷӯёни ДИИШ кушта шудаанд.

Октябрь 17, 2015 04:35

Хабарҳои дигари ин бахш