Маъракаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар Тоҷикистон маъракаи иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи воқифияти мактабиён ва волидайн аз аҳамияти ба даст овардани таҳсилоти хушсифат, масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва хавфи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ҷараён дорад.
Дар шабакаи 9 телевизиони миллию минтақавӣ силсилаи мавзуъҳое намоиш дода мешавад, ки дар ҷараёни онҳо мутахассисони бахши маориф, муҳоҷират, ҳамчунин коршиносони маъруф перомуни имкониятҳои таҳсил дар донишкадаҳои Тоҷикистон, Аврупо, ИМА ва кишварҳои дигар нақл мекунанд.
Сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротталаб пайвастани ҷавонон танг будани ҷаҳонбинӣ, сатҳи пасти маънавӣ ва бесаводӣ мебошад.
Мақсад аз роҳандозии лоиҳаи мазкур фароҳам овардани шароити иттилоотӣ барои журналистон ва ҷалби таваҷҷуҳи мутахассисон ба мавзӯи зикршуда аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






