Мардуми Варзоб ҳодисаи нангини 4 сентябрро қотеона маҳкум мекунанд
Душанбе, 05.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар маҷлиси якҷояи кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Варзоб фоҷиаи рўзи 4 сентябри соли равон рухдода баррасӣ шуда, иштирокдорон ин амалро қотеона маҳкум намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Неъматулло Сафаров иброз намуд, ки ҳодисаҳои чанд вақти охир нишон доданд, ки кинаву адоват ва бадбинию хусумат ҳанўз аз замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 аз зеҳну хотираи тарафдорони ИНОТ ва намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пок нагаштаанд ва ба ҳар роҳу васила монеи рушди ҳамаҷониба мегарданд. Махсусан аъзои ҲНИТ бо истифода аз эҳсосоти динии мардум онҳоро ба гумроҳӣ кашида, ниятҳои нопоки худро амалӣ месозанд.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи рўзи 4 сентябри соли 2015 рухдода мебошад, ки таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода анҷом дода шуд. Рафтору кирдори ношоистаю хиёнаткоронаи собиқ сардори дастаи таъминоти махсуси милитсияи ВКД Гулмурод Ҳалимов бори дигар нишон дод, ки дар кишвари мо ғаразҳову бегонапарастиҳо аз байн нарафтаанд. Генерали хиёнаткор бо гурӯҳи ҷиноятпешаи худ бори дигар фазои орому осудаи кишварро ноором гардонида, бори дигар хостори ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд. Ин амали хиёнаткоронаю паймоншикании «ҳоҷӣ — генерал» собит сохт, ки ў ва дигар намояндагони ИНОТ ҳеҷ гоҳ ободии Ватан, осудагии халқ ва пешрафти кишварро намехоҳанд.
Маҳз ҳамин рафтори эшон боис гардид, ки дар кишвар беш аз ҳазорон нафар аз сафи Ҳизби наҳзати исломӣ даст кашиданд ва дар ноҳияҳо фаъолияти худро қатъ намуданд.
Иштирокдорон ин ҳодисоти рухдодаро сахт маҳкум карда, аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват намуданд, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳама гуна дасисабозону ҷиноятпешаҳо нашаванд, аз паси ободии кишвари азизу маҳбубамон камар бубанданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






